Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

та, мо аз паи ин гапҳо нагаштем. Дурусттараш, илоҷ ҳам надоштем, — агарчи дар Душанбе ҳукумати нав сохта буданд, ҷанг ҳанӯз ҷо-ҷо давом мекард. Даъво пеш овардан як тараф истад, ақалан сару сомонамонро намеёфтем... Аслан одами бадушман буд Саиди ман. Ҳиne ки ба он балои муфоҷо печид, акнун ба панҷову се қадам мемонд.

— Хуросон мегуфт, ки ба тоифаи беинсоф абадан соз гирифта наметавонист.

— Лекин чӣ суд? Онҳо имрӯз давр ронда гаштаанд, ҷасади вай дар панҷаи хоки хунук... Ҳатто таҳқиқ накарданд, ки куҷо шудааст лингчаи пури пул.

— Чӣ хел пул? — бо ҳайрат мепурсам ман.

— Баъди маргаш мебинанд, ки дар идора як лингча пул намерасад. Вай, охир, қариб даҳ сол кассири колхоз буд.

— Гапаш баромаду тамом?

— Тамом, — мегӯяд ӯ бо ҳасрат. — Дигарон надонанд ҳам, ё худро ба нодонӣ зананд ҳам, ман медонам-ку: як тинро беҷо намекард падари Хуросон. Пас дуздидаанд, вассалом!

— Аҷаб... — гаранг мемонам ман.

— Сӯҳбатамон кашол ёфт, — маҳзун махандад Бибируҳсора. — Ҳамон саги чӯпонӣ, ки ман барин пир шудааст гуфта, Саид аз дунболаш оварда буд, пас аз реҳлати вай, сахт ғамгин, чашмони хастааш обрав, қариб чизе намехӯрд. Ҳар саҳар сӯи қабристон давида, соатҳо аз пои гӯри раҳматӣ намехест. Хуросон чӣ ҳилаҳо мекард, ки ҷонвар дигар ба он ҷо наравад! Вале фоида надошт, — ҳатто ба кадом илоҷ аз банд ҳам раҳо гардида, боз мерафт; даму дуд мерафт. Оқибат аз ҳолу мадор монда, як рӯз тамоман ғайб зад.

пешина
аз 67
навбатӣ