Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
-
Ку бинем, ин гирудор ба чӣ меанҷомад гуфта, падараш намонд. Худам ҳам розӣ набудам. Орзу дошт, ки ба духтурӣ мехонад. Лекин... - лаб мегазад вай, - он ҷанги хонумонсӯз на фақат бисёр одамони бегуноҳро ба ҳалокат расонд, балки хеле аз ормонҳои неки мардумро зеру забар кард.
-
Ҳеҷ қисса не, оча, - тасаллӣ медиҳам ман. - Рафта-рафта об ба лаби ҷӯй баробар мешавад. Аз хондагиҳо яктааш ман бошам, имрӯз ана... мисли Хуросонам, сангу хок мекашам. Кор дар ҳама ҷо кор аст. Муҳиммаш - нони ҳалол хӯрдан...
-
Худоро шукр, ба меҳнати бародархондат чун дар кулли умрамон нони ҳалол мехӯрем. Аммо кас агар хонад, гапи дигар... Масалан, ҷоҳил намешавад.
-
Хуросон ҳаргиз ҷоҳил не.
-
Ман умуман мегӯям.
-
Фикратон, албатта, ҷон дорад. Вале ҷоҳил набудан аз худи одам ҳам вобаста.
-
Шояд... - хаёлолуд мад мекашад Бибирухсора. - Қиссаамон нотамом монд. Аз паҳлавони мо Шамшер гап сар карда будем.
-
Бале, - мегӯям ман то алҳол пушаймон, ки аламҳои ӯ тоза мешаванд.
-
Тирамоҳи соли наваду чор падари Хуросон дар ҷои кораш як пиёла чои хунук нӯшида, ду шабонарӯзи дароз дар беморхонаи ноҳия парто-парто карда, бо сад азоб аз дунё гузашт. Раҳматӣ шуд. Ба вабо печидааст, - хулоса бароварданд табибон. Аммо миш-миши гирду атроф дигар буд. Мегуфтанд, ки заҳр хӯрдааст, доруи қаттол додаанд ба вай, навъе аз доруи ҳашарот... Ҳақиқати ҳолро худи Худо медонад гуф-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё