Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Аввал майдоншинӣ пайдо шуда, гоҳ ба кашо-кашу занозанӣ пайваста, дар ниҳояти кор ҷанг сар зад. Вай ҷанг не, писарҷон, қиёмати қоимро мемонд. Баъзеро зинда ба зинда пӯст канда, ё то бехи гардан зери хок карда, баъзеи дигарро ба хонаву дараш оташ мезаданд.
— Бераҳмии инсон ҳудуд надорад, оча. Ба монандӣ раҳмаш... Мегӯянд, ки ҳатто як-ду кӯдакро ба нӯки шоха бардошта буданд.
— Мо ҳам мешунидем, мегиристем, месӯхтем. Вале осмон баланд буд, замин сахт... Бисёриҳо аз ғояти тарс чӣ кор карданро надониста, ба ҳоли зор афтида, гӯё дар рӯи сӯзани Худо фир мегаштанд. Имрӯз як тараф ғолиб меомад, фардо тарафи дигар; имрӯз як гурӯҳ одамон муттаҳам мешуданд, фардо гурӯҳи дигар... Саиди ман, бечора, мурғи посӯхта барин орому қарор наёфта, иззати нафсашро таки по андохта, то метавонист, ба ҳар ду ҷониб ҳам хушомад мезад, ки мардум зиёда талаф нагарданд. Аммо куҷо... худи ӯро чанд дафъа лату кӯб карда, қариб буд муфт кушанд. Бо вуҷуди ин вай аз роҳаш намегашт, аз якравӣ намемонд. Бандаву садқа шуда, ба азоби гӯр бошад ҳам, ҷони баъзеҳоро мехарид.
— Он солҳо Хуросон, албатта, дар бари ӯ рост меистод?
— Гоҳ рост меистод, гоҳ ба талаби мо мегурехт. Одамизодем, охир, метарсидем.
— Ба ҳисоби ман, пеш аз ҷанг эҳтимол мактабро тамом карда буд...
— Рост, дар айни нооромиҳои Душанбе синфи ёздаҳро ба итмом расонд. Ҷанг баъдтар сар шуд.
— Дигар нахонд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё