Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қайди фикру хаёли худ, мо чун ҳамеша ба кор рафтем.

Хуросон танҳо монд.

...Бегоҳ, вақте ки хаставу лакот бозпас меомадем, дар пеши дӯкони китобфурӯшии қади кӯча ногаҳон ба як рафиқи молдован вохӯрдам. Ман ба вай чанд моҳ шогирд будам, — даст ба даст хонаву дари мардумро таъмир мекардем. Эмил ном дошт ӯ. Ҷавони батамкин, дидадаро, ба мисли ман мусофир ва албатта, мӯҳтоҷ... То аз ину он ба вай кам-кам гап задем, ки ним соат бештар гузашт. Баъд ҳар ду ба дӯкон даромада, яктоӣ китоб харидем. Дар берун боз фурсате лақида, милисаҳои чапандози Маскавро низ қадре ба муҳокима гирифта, ниҳоят, аз ҳам ҷудо шудем - Эмил ба роҳи худаш рафт, ман ба роҳи худам.

Дар зери каш «Марди танҳо»-и Август Стриндберг, хеле хунук хӯрда, ба хона расидан замон дидам, ки Сафаралӣ ва Исроил дар байни ҳозирон наменамоянд; кати онҳоро ду нафари дигар ишғол карда, баҳузур дароз кашидаанд.

  • Рафтанд, — гуфт дар ҷавоб ба ҳайрати ман Хуросон. - Ба ҷои ана ин ҳамдиёрон рафтанд. - Пас аз лаҳзаи сукут қаноатманд илова намуд: - Ва хуб шуд, ки рафтанд.

Хулоса, қариб ду сол муқаддам, ногузир буд магар, чунин як воқеаи нохуш рӯй дода, муддате ба дӯши ман бори ноҳинҷор гардид. Вале шукр, ки минбаъд дар миёнамон ба ин монанд дигар ҳеҷ гуна гапгузаронӣ нашуд. Ҳар кадом ба ихтиёри худ будем. Касе аз касе ҳудаву беҳуда эрод намегирифт. Баръакс - аз таҳти дил ё не, дар ҳар сурат одоби муоширатро риоя мекард. Дар айни замон бояд иқрор намуд, ки му-

пешина
аз 67
навбатӣ