Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
рад, ҳамин тавр пайваста ба атроф пош медиҳанд? Аҷаб одамоне... Ҳеҷ набошад, аз минбаъда тарзи ҳаёти фарзандони худ ба хаёл намераванд? Ё мехоҳанд онҳо низ ба чунин насақ гарданд дар рӯи замин?
Ҳамзамон гӯё ҷигарам, банду пайванди ҷонам сим-сим сӯхта, падару модарамро ба ёд меовардам; хоҳаракамро фикр мекардам, ки ҳоло дар донишгоҳи тиббӣ мехонад. Мисли ман духтур шуданист беақл... Хайр, дар ҳар сурат Худо бахташро диҳад. Зиндагиамон дар ватан якумр носоз намемондагист, охир. Рӯз то рӯз бештар меояд бӯи умед. Аслан дар муқоиса ба се-чор сол пеш хеле беҳтарем. Ва албатта, тадриҷан роҳу равишамонро ёфта, ниҳоят, қоматамонро ҳам мебардорем; иншоаллоҳ, фаромӯш мегарданд кулли маҳрумияту рӯҳафтодагиҳо...
Ман он шаб, худам бехабар, ба чунин андешаҳо кай ва чӣ тавр ба хоб рафтаам, — намедонам. Саҳар хеста бинам, ҳама ба по шудаанд. Танҳо Хуросон аз болои кампал дар рӯи каташ дароз кашида, як себи сурхи калонро карс-карс мегазид. Раддаи дандонҳои бақувваташ ҳар лаҳза сап-сафед ба назар тофта, иштиҳои маро меовард. Дигарон - ғайр аз Сафаралӣ ва Исроил, ки рост истода, аз ду канори ягона тирезаи бақаду бар хаёлолуд ба саҳни бино чашм медӯхтанд... - дар атрофи миз гӯё амонат нишаста, хомӯш наҳорӣ мекарданд. Низ дарҳол дастурӯй шуста, ба чанд пора нону ҳасиб серӣ чой нӯшидам. Ба нигоҳи суоломези ман Хуросон дар лаб табассум ҷавоб гардонд, ки ҳанӯз нотоб аст, эҳтимол боз як-ду рӯз берун намебарояд.
Азбаски ҳаво бисёр сард буд, то метавонистем, сарулибоси гарм пӯшида, ҳар кадоме дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё