Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Вазир гуфт:
– Олиҷаноб, дар дунё кори намешудагӣ нест. Шумо подшоҳ ҳастед, ҳамаи чизҳои беҳтарин азони шумост. Дар дунё ҳилаву найранг бисёр аст. Боз якеро мегӯям. Ин дафъа инашро иҷро карда наметавонаду худаш нобуд мешавад.
Подшоҳ пурсид:
– Чӣ найранг?
Вазир гуфт:
– Барояш мефармоед, як тухме пайдо кунад, ки аз дарунаш як гов барояд.
Подшоҳ бо ғазаб гуфт:
– О, ин номумкин аст-ку. Чӣ хел аз даруни тухми мурғ гов мебарояд?
Вазир бо суханони ширину рангин гуфт:
– Подшоҳи олам, мақсади мо ҳам ҳамин аст, ки вай натавонаду дигар гум шуда раваду Малика аз шумо шавад.
Аз қадим ба подшоҳ вазиру мушовирони ҳасуду нодон машваратҳои беҷо медоданд. Подшоҳ ба гапи вазир даромаду бечора моҳигирро, ки нав рӯзгори осуда пайдо карда буд, ба пешаш даъват кард. Подшоҳ ба моҳигир гуфт:
– Эй моҳигир, барои қасри сохтаат, офарин. Одаме, ки чунин қаср сохтааст аз даруни тухме бояд як гов барорад.
Моҳигир худашро гум карду гуфт:
– Олиҷаноб, охир, ин мумкин нест-ку! Чӣ хел аз даруни тухми мурғ гов мебарояд?!
Подшоҳ зуд ба ҷаллод нигоҳ кард:
– Ҷаллод!!! Ин чӣ гап! То имрӯз касе гапи маро рад накардааст. Даррав сари инро аз тан ҷудо кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё