Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ки «хайр, ҳафта будем, ҳашта шудем». Ҳафт дев Заркокулро зиёфат мекунанду баъд хоб мераванд. Ҳамин ки хоби онҳо бурд, Заркокул оинаро гирифта мегурезаду ба хона меояд. Оинаи ҷаҳоннаморо ба хоҳараш медиҳад. Хоҳар тугмаи онро тоб медиҳад, ки тамоми дунёро мебинад. Ҳайрон мемонад. Тугмаи дигарашро тоб медиҳад, боз воқеаҳо, суруд, рақс, бозӣ, шӯхӣ — ҳар чӣ ҳаст, вале бесадо, фақат сурат. Хоҳар шод шуда, дастони худро ба гардани акаш андохта ба вай ташаккур мегӯяд.
Аз байн чанд вақт мегузарад. Боз Пирзол меояд. Баргаштани акаи духтарро дида, аз рашку ҳасад дилашро гургон тороҷ менамоянд. Ғаму ғусса мехӯрад. Найранги охирини худро ба кор мебараду ба духтар мегӯяд:
— Ана, ҳамаш хуб. Фақат як чиз намерасад. Ин булбули гӯё аст. Ту дар оинаи ҷаҳоннамо сурати тамоми дунёро бо суруд рақсу бозиааш мебинӣ, вале беовоз. Агар акат булбули гӯёро орад, дигар тамом. Вайро ба даруни оинаи ҷаҳоннамо мемонӣ. Ҳамин ки оина ҳама чизро нишон додан гирад, булбули гӯё ба гап даромада гуфтан мегирад, сароидан мегирад. Ту куртаи доманаш чарху остинаш қарсатро пӯшида, рақс мекунию хурсанд мешавӣ. Вай хондан гирад, аз дарахт гоҳ садои хандаву гоҳ гиря меояд, гоҳ барф мебораду гоҳ борон. Дигар зиқ намешавӣ.
Маҳпешонӣ ин гапро шунида ин қадар шод шуд. Бегоҳӣ акаш омад. Хеле нозу нуз карду чизе нагуфт. Куртаи доманаш чарху остин қарсро пӯшид. Ба таги тут омад. Шоҳҳояш хандону гирён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё