Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

шаб. Ҳамин ки онҳо куртаҳои худро кашида ба об даромаданд, ту оҳиста раву куртаи якумро гир. Ин курта аз Гулпарӣ аст. Баъд пасатро нигоҳ накарда гурез. Агар онҳо ҳар гап зананд ҳам, пасатро нигоҳ накун. Заркокул гуфти девкампирро кард. Духтарон бо суруду бозӣ омаданд. Барбари бозӣ кардан домани куртаи яке чарх мезаду остинаш қарс. Заркокул дида ҳайрон монд. Ҳама баъди шӯхию хандаю бозӣ куртаҳоро кашида ба гулҳавз даромаданд. Заркокул оҳиста омада ҳамон куртаро гирифту гурехт. Париҳо фаҳмида аз пушташ давиданд. Бача ба назди хонаи девкампир расиду оҳиста, бо таги чашм ба пушташ нигоҳ кард. Нигоҳ карду хокистар шуд. Девкампир инро назорат мекард. Зуд аз хона баромад. Париҳо вайро дида қафо гаштанд. Девкампир омаду хокистарро ба дасташ гирифта пуф кард. Хокистар зуд ба Заркокуле, ки дар бағалаш курта аст, табдил гашт. Девкампир гуфт:
– Ман ба ту чӣ гуфтам? «Ба қафо нигоҳ накун». Гапамро нагирифтӣ. Агар дар лаби ҳавз пасатро нигоҳ мекардӣ, ман дигар туро наҷот дода наметавонистам. Дар он ҷо ба мисли ҳазорони одамони дигар санг мешудӣ.
– Бале, бибиҷон, хато кардам. Гумон кардам, ки аз пуштам кадомеаш қапид.
– Шудагӣ кор шуд. Куртаро гирифта раву дигар пасатро нигоҳ накун. Чизи дигарро ҳам дар ёд дошта бош, ки акнун Гулпарӣ ошиқи туст.
Заркокул дигар пасашро нигоҳ накарда аспашро медавонад. Аз пасаш ҳаёҳуи зиёд мешавад, вале қафоро нигоҳ намекунад. Ба қасраш омада

пешина
аз 264
навбатӣ