Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Мумиё мемолад. Девкампир пас аз як дам ба ҳуш меояд. Ин меҳрубониро дида девкампир мегӯяд:
— Ҷавони хуб будай. Дар оянда ҳар чизе мехоҳӣ бигӯӣ, иҷрояш мекунам. Ман дигар ғуломи ҳалқа баргӯши ту ҳастам.

— Бибиҷон, ман як хоҳарак дорам. Хоҳаракам як курта мехоҳад, ки доманаш чарх мезадасту остинаш қарс, ҳаминро аз куҷо пайдо кунам?

— Эҳеее! Ин хоҳарат чизе мехостаст, ки вай дар ин дунё яке аст. Вай куртаи Гулпарӣ, духтари шоҳи париён аст. Хайр, майлаш.

Девкампир ба Заркокул як нома медиҳаду мегӯяд:

— Ма, ин номаро бигир. Бирав ба паси ҳӯ, ана он кӯҳ. Дар он ҷо апаи ман аст ба вай деҳ, вай мушкили туро осон мекунад.

Заркокул оҳуе шикор карда, ба сари зонуаш гузошта, аспро давонда, ба паси ҳамон кӯҳ меравад, ки дар он ҷо ҳам як хонаи гумбаздор аст. Ба дарунаш медарояд, ки як девкампири дигар аст.
Салом медиҳаду оҳуро ба пешаш мегузораду:

— Саломалейкум. Ин туҳфаи ночиз барои шумо
— мегӯяд.

— Валейкум бар салом! Агар салом намедодӣ, ман туро мекардам як луқмаи хом. Хизмат?

Заркокул номаро медиҳад. Ин девкампир номаро хонда мегӯяд:

— Ту ба кори хатарнок даст задӣ. Хайр, ҳеҷ гап
не. Аз ин ҷангал мегузарӣ. Аз пешат як гулҳавз
мебарояд. Дар ин гулҳавз духтари шоҳи париён
аст, номаш Гулпарӣ, бо дугонаҳояш омада оббозӣ мекунанд. Ту дар як пушти дарахт пинҳон

пешина
аз 264
навбатӣ