Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Ман як хоҳарак дорам. Ӯ ҳар чӣ хоҳад, пайдо мекунам.
Бечора Заркокул баромада меравад, то ки ба хоҳараш ин куртаро пайдо кунад. Меравад, меравад, меравад, ки аз пешаш як хонаи гумбаздор пайдо мешавад. Дари онро мекушояд. Медарояд, ки дар он ҷо як девкампир хоб аст. Як рӯяш осмону як рӯяш замин, як гӯшаш суфраю як гӯшаш кӯрпа, бозуяш мисли мору даҳонаш чун ғор. Заркокул ин ҳайбати даҳшатнокро дида:
— Салом, бибиҷон, — мегӯяд.
Ин девкампири бадвоҳима чашмонашро ба мисли коса кушода, бо овози ваҳмангез ҷавоб медиҳад:
— Валейкум ассалом! Агар салом намедодӣ, мекардам як лукмаи хом. Ягон чизи хӯрдандӣ овардӣ?
— Ҳозир, бибиҷон.
Заркокул давида ба берун мебарояду аз ҷангал як оҳуро зада, ба аспаш бор карда меояду ба назди девкампир мепартояд. Девкампир оҳуро ду-се лукма мекунаду як оҳи дарднок мекашад. Заркокул мебинад, ки синаи девкампир хуншор. Дар сари синаи росташ як тири камон халида аст. Оҳиста наздик меояду мегӯяд:
— Иҷозат диҳед, ман шуморо аз ин дарди ҷонкоҳ халос кунам.
Девкампир мегӯяд:
— Агар ин корро кунӣ, ман як умр дар хизмати ту ҳастам.
Заркокул ба тири сари синаи дев наздик шуда, онро якбора кашида мегирад. Аз дарди ҷонкоҳ девкампир аз ҳуш меравад. Заркокул ба ҷои захм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё