Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Як пагоҳӣ Пирзол асо ба дасташ ба тарафи қасри шикорчӣ меояду аз дур назорат мекунад. Шикорчӣ бо Заркокул ба шикор мераванд. Маҳпешонӣ дар хона танҳо мемонад. Пас аз фурсате Пирзол ба дами дар меояду так-тақ мекунад. Маҳпешонӣ мебарояд. Пирзол мегӯяд:
— Духтарам, роҳгузарам. Ҳаво гарм. Як коса обам бидеҳ.
Маҳпешонӣ мегӯяд:
— Марҳамат, бибиҷон, ба хона дароед.
Пас аз нӯшидани об Пирзол бо суханҳои ширинаш духтарро мафтун карда мегӯяд:
— Воҳ-воҳ! Чӣ қадар қаду қомати зебо. Дар ин қаду қомат барои ту куртае лозим аст, ки доманаш чарх занаду остинаш қарс.
— Ин курта дар куҷо, бибиҷон?
— Дар пушти кӯҳи Қоф. Бародарат ояд, бароиш гиря куну «куртаи доманаш чарх мезадагию остинаш қарс мезадагӣ» мехоҳам гӯй. Вай зуд пайдо карда меояд.
Ин курта дар дасти девҳо буд. Касе орзуи ба даст овардани ин куртаро мекард, дар роҳ нобуд мешуд. Акнун Пирзол акаи духтарро бо ҳамин роҳ нест кардагӣ буд. Бегоҳӣ Заркокул меояд. Духтар бо оби дида ба акааш мегӯяд:
— Акаҷон, ман куртаи доманаш чарх мезадагию остинаш қарс мезадагӣ мехоҳам.
Ака мепурсад:
— Хоҳарҷон, пайдо мекунем. Ин курта дар куҷост?
— Дар пушти кӯҳи Қоф.
— Барои ҳамин ҳам ашк мерезӣ? Ашк нарез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё