Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Дар ҳамин бешазор як оҳу буд. Шикорчие бачаи оҳуро зада буд. Бечора оҳу синааш пури шир аз як тараф ба тарафи дигар медавид. Ногоҳ ин ду кӯдакро дида синаашро ба кӯдакон медорад. Ана ҳамин тавр кӯдакон бо шири оҳу калон мешаванд. Як рӯзашон, дурӯза, ду рӯзашон даҳрӯза, як моҳашон як сола, як солашон дусола шуданд. Рӯзе ҳамон шикорчӣ ба бешазор омада ҳамон оҳуро шикор кардан мехоҳад, ки ногоҳ чашмаш ба ин ду кӯдак меафтад. Ҳайрон мемонад. Зуд онҳоро гирифта ба хонааш мебарад. Шикорчӣ на зан дошту на фарзанд. Ӯ инҳоро ба парвариши худ мегирад. Кӯдакон калон мешаванд. Писар ҳамроҳи шикорчӣ ба шикор мераваду духтар бо кору бори хона машғул мегардад. Шикорчӣ дар байни дара як бинои зебо сохта, бо Зарқоқулу Маҳпешонӣ хурсандона зиндагӣ карда мегарданд.

Рӯзе аз рӯзҳо гапе паҳн мешавад, ки дар дарае як шикорчӣ писару духтаре дорад, ки бисёр зебоянд. Ин гап ба гӯши занҳои подшоҳ низ мерасад. Занҳои подшоҳ аз ин воқеа огоҳ шуда, зуд Пирзолро ба наздорашон даъват мекунанду мепурсанд:
— Ту, Пирзол, моро фиреб кардӣ!

Сару мӯяшро мекананд. Пирзол қасам меҳӯраду аз дасти онҳо халос шуда ба хонааш меояду аз шавҳараш пурсон мешавад. Шавҳараш ҳақиқатро барояш мегӯяд. Ҷони ҳама дар хатар шуд. Занҳо аз подшоҳ, Пирзол аз занҳои подшоҳ, пирмард аз занаш меҳаросанд. Зуд машварат мекунанду аз пайи нобуд кардани Зарқоқулу Маҳпешонӣ мешаванд.

пешина
аз 264
навбатӣ