Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Эй Пирзол, агар ту фарзандҳои ин занро нест кунӣ, як умр мо туро аз пулу мол таъмин мекунем.

Пирзол розӣ шудааст. Ҳамон бегоҳӣ саги Пирзол ҳам якчанд сагча зоидаст. Вай дутоашро гирифта ба назди зани ҳомилаи подшоҳ меояду мегӯяд:

— Духтаракам, ин таваллуди аввал аст, биё пеш аз таваллуд чашматро бандам.

Зани бечора розӣ мешавад. Пирзол чашми занро мебандад. Баъд зан як писари Заркокул мезояд. Ин Пирзол мегӯяд:

— Ибӣ, як сагча зоидӣ.

Пас аз як дам зан як духтари Маҳпешонӣ мезояд. Пирзол сагчаи дуюмро ба таги зан партофта мегӯяд:

— Ана, боз як сагча зоидӣ.

Баъд чашми бастаи занро мекушояду ду кучукбачаро нишон медиҳад. Ин ду кӯдакро Пирзол ба шавқараш медиҳаду мегӯяд:

— Зуд ин ду кӯдакро бурда ба як ҷо кушта гӯр карда биё, ки на дӯст бинаду на душман.

Ба подшоҳ ҳам хабар мебаранду мегӯянд, ки занат ду сагбача зоид. Подшоҳ бе ҳеҷ фикр асабонӣ шуда фармон медиҳад:

— Ин шармандагист, заминро канда нисфи занро ба хок гӯр кунед. Ду синааш аз хок берун монад. Ин зани дурӯғгӯй як умр азоб кашида мурад.

Бечора духтари подабонро то миён гӯр мекунанд. Ҳамин ду сагбача шири вайро макида калон шудан мегиранд. Шавҳари Пирзол марди раҳмдил буд. Дилаш нашуд, ки кӯдакҳоро бикушад. Онҳоро ба даруни як бешазор партофту дар дилаш гуфт, ки зоғу заған мехӯрад.

пешина
аз 264
навбатӣ