Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Подшоҳ, чӣ хел одам аст. Наход дар дунё духтари дигар набошад, ки ба як духтари подабон хостгор фиристад.
Асабонӣ шудааст. Чархаашро зада шикастасту ба хаскаппа даромадаст. Хостгорҳо ин гапро шунида рафтанд. Ҳамин дам духтари хурдӣ ба очаш мегӯяд:
– Наход, одам ҳамин хел ҷавоб диҳад. Охир, бо як сухани ширин ҷавоб диҳед, чӣ мешуд.
Ҳоло хостгорҳо дур нарафта, духтар аз хаскаппа давида баромадасту ба болои оштони кӯҳна баромад гуфтаст:
– Уууу, хостгорҳои подшоҳ, меҳмонони олиқадр, аз роҳатон баргардед.
Хостгорҳо мебинанд, ки як духтари моҳпайкар онҳоро даъват мекунад. Аз роҳашон бармегарданд. Духтар ба онҳо мегӯяд:
– Подшоҳ бо умед одам фиристодаст. Ин очаи ман нафаҳмидаст. Ба подшоҳ гӯед аз як дара рамаи гӯсфанд, аз як дара рамаи буз, аз як дара галаи оҳу, аз як дара галаи гову шутуру асп фиристад.
Хостгорҳо ин гапро шунида шод шуданду рафтанду воқеаро ба подшоҳ гуфтанд. Подшоҳ гуфтаст, ки ҳар чӣ духтар гуфтаст, иҷро кунед. Рамаю галаи бисёрро фиристода, духтари подабонро арӯс карда оварданд. Духтар зуд ҳомила шудаст. Подшоҳ ба вай таваҷҷуҳи зиёд медодаст. Ҳамин ки вақти таваллуд наздик мешавад, подшоҳ ба шикор рафтасту гуфтаст, ки хабари таваллуди занамро ба ман расонед. Занҳои дигари подшоҳ аз рашку ҳасад як Пирзолро ёфта, ба вай тиллову танга дода гуфтаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё