Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Куртаро ба хоҳараш медиҳад. Мепӯшад, ки доманаш чарх мезанаду остинаш қарс. Духтар шод мешавад.
Аз байн як ҳафта мегузарад. Пирзол барои фаҳмидани аҳвол боз ба хонаи духтар меояд. Духтар ба пешвозаш баромада, куртаи доманаш чарҳу остинаш қарс мезадагиро нишон медиҳад. Инро дида ҷони Пирзол ба лабаш меояд. Дар дилаш мегӯяд, «аз он ҷо касе барнагашта буд, ин чӣ хел баргашт? Ин дафъа барои чизе фиристам, ки дигар барнагардад».
Пирзол мегӯяд:
— Баҳ-баҳ, чӣ хел зебо! Акаат туро дӯст медоштаст. Акнун дар паҳлуи ин як чизи дигар бошад, ту ҳеҷ зиқ намешавӣ.
Духтар мепурсад:
— Вай чӣ, бибиҷон?
Пирзол мегӯяд:
— Як дарахт. Ин дарахт дар Боғи Ирам аст. Як шоҳаш хандидан мегирад, якташ гиристан мегирад; аз як шоҳаш барф мебораду аз шоҳи дигараш борон. Агар акаат инро биёрад, барои ин хона чӣ хел зебанда аст.
Бегоҳӣ акаш меояд. Духтар ба акааш дар бораи дарахт ёдовар мешавад. Зораву тавалло карда, мегӯяд:
— Акаҷон, як бало кун.
— Барои курта рафтам, хеле азоб кашидам.
Духтар оби дида мекунад. Раҳми акаш меояду мегӯяд:
— Хайр, ҳеҷ гап не, инро ҳам бароят меорам.
Заркокул боз ба пеши ҳамон девкампир мераҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё