Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Аз байн як сол мегузарад. Соли дигар ҳар ду пиёз мекоранд. Пиёзро корида, нағз нигоҳубин мекунад. Ҳосил хуб мешавад. Ин дафъа хирс пешдастӣ карда мегӯяд:

– Шарт ҳамон шарт аст. Вале соли гузашта ту аввал савол дода будӣ, имсол ман аввал савол медиҳам.

Шағол мегӯяд:

– Майлаш, ман розӣ.

Хирс мегӯяд:

– Сар-сари сарашро мегирӣ ё бех-бехи беҳашро?

Шағол мегӯяд:

– Бех-бехи беҳашро.

Хирс мегӯяд:

– Хайр, ман сар-сари сарашро.

Шағол бехи пиёзро ҷамъ карда ҳосили фаровон мегираду хирси бечора ҳеҷ чиз намегирад. Аз байн боз як сол мегузарад. Ҳар ду имсол карам мекоранд. Меҳнат мекунанд, карам мепазад. Боз ба сари ҳосил меоянд. Шағол мегӯяд:

– Имсол навбати савол аз ман аст.

Хирс ҷавоб мегӯяд:

– Майлаш, ман розӣ.

Шағол мегӯяд:

– Сар-сари сарашро мегирӣ, бех-бехи беҳашро?

Хирс мебинад, ки сари карам калон-калон зуд ҷавоб медиҳад:

– Сар-сари сарашро мегирам.

Хирс шод мешавад, ки шартро бурд. Ҳосили карамро ҷамъ карда ба анбораш мебарад.

пешина
аз 264
навбатӣ