Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Мор ба даруни халта медарояд. Ҳезумкаш зуд даҳани халтаро мебандаду онро аз оташ дуртар мегузорад, ки то ба мор осебе нарасад. Худаш ҷомаашро кашида, бо ҷома зада-зада оташи ҷангалро хомӯш мекунад. Хаста мешавад. Ба назди халта омада ба мор муроҷиат карда:
– Марҳамат, баро, умрат дароз бод – гуфта, вайро ба ҷангал раҳо мекунад.
Баъд худаш ба сояи як дарахти сабз рафта, аз кӯзааш об гирифта, нонашро тар карда мехӯрд, ки мор ба назди вай омада ва фишнос зада ҳамла кардани мешавад. Ҳезумкаш гумон мекунад, ки морро аз марг наҷот додам, шояд ба ман ягон кӯмак кардан мехоҳад. Ҳамин дам мор фишшасзанон ба ҳезумкаш ҳамла карда ба тап медарояд:
– Ман туро мегазам.
Ҳезумкаш ҳайрон мешаваду бо заҳрханд ба мор мегӯяд:
– О, чаро?! Ман туро аз марг наҷот додам-ку! Чӣ, ба некӣ, бадӣ магар?
Мор мегӯяд:
– Ман мори газанда ҳастам, ин одати ман аст, агар касеро заҳр назанам худам азоб мекашам, бояд туро газам.
Ҳезумкаш ҳайрон мемонад. Ба чор тараф менигарад. Аз мор гурехта намешавад. Аз дилаш мегузаронад, ки: «аҷаб, некӣ карда ба бало гирифтор шудам-ку». Ба мор мегӯяд:
– Майлаш, маро газ, лекин ба як шарт. Ҳар ду ба ҳамин роҳ меравему ба ҳар чизе, ё касе ки аз пешамон мебарояд савол медиҳем: «ба некӣ, некӣ аст, ё бадӣ?» Агар се бор ба ҷавобаш гӯянд, ки «бале, ба некӣ бадӣ аст» ту маро газ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё