Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Мор ба ин шарт розӣ шуд. Ҳар ду рафтан мегиранд, ки аз пешашон як барзагови пири фартут мебарояд. Барзагов дар меҳ бастагӣ, ба пешаш хӯроки дуруст нест. Ҳезумкаш ва мор ба барзагов наздик мешаванд. Ҳезумкаш аз барзагов мепурсад:
— Эй барзагов, ту як махлуқи заҳматкаш ҳастӣ. Деҳқон солҳо бо ту замин шудгор кардааст. Як умр некӣ кардӣ. Мо мехоҳем, ки аз ту ба як савол ҷавоб гирем.
Барзагов бо ҳайрат ба ҳезумкаш ва мор нигоҳ карду гуфт:
— Марҳамат, чӣ савол?
Ҳезумкаш пурсид:
— Бигӯ, барзагов, ба некӣ, некӣ меояд ё бадӣ?
Барзагов «бууу, бууу» гуфта, овоз бароварду бо тамасхур ҷавоб дод:
— Албатта, бадӣ! Худат фикр кун, ки дар ҳамин замони мо, кӣ ба кӣ некӣ карда, дар ҷавобаш некӣ дида. Мана ман, то ҳамин рӯз ҷон канда, замин шудгор кардам. Дар назди соҳибам қадру қимати зиёд доштам. Ба ман хӯрокҳои ҳархелаи нағз медод. Сару гардану пуштамро хору мол мекард. Ҳоло ман пир шудам, нимҷон. Барои кор кардан мадорам нест. Ба ман хӯроки дуруст намедиҳад. Маро аз каҳдон бароварда дар ҳамин ҷангал оварда баст. Ба зӯр аз замин як чиз ёфта мехӯрам, магар ҳамин аз рӯи инсоф аст? Боз «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, дирӯз соҳибам қассобро оварда маро ба вай фурӯхтанӣ шуд, оё ҳамин ба некӣ, некӣ аст?
Аз ин гапҳои барзагов ҳезумкаш як ларзиду тарсид. Мор шод шуду ба ҳезумкаш нигариста,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё