Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ҲЕЗУМКАШ ВА МОР
Дар як замоне, дар як маконе, як марде буд. Хеле содаю самимӣ. Бо ҳезумкашӣ рӯз мегузаронд. Ин марди ҳезумкаш ҳар рӯз нон, кӯзаи об, табар, ресмонашро дар халтааш ҷо карда ба ҷангал мерафт.
Дарахтҳои сабзро дида ҳавас мекард. Гоҳе дар сояи онҳо нишаста дам мегирифт. Онҳоро намебурид. Вале дарахтҳои хушкро бурида, бандча баста, баъд пуштора карда, ба бозор бурда мефурӯхт. Ба пулаш хӯрок мехарид, пӯшок мехарид, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекард.
Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми кор ҳезумкаш мебинад, ки дар як гӯшаи ҷангал оташ аланг мезанад. Зуд халтаашро гирифта медаваду ҷомаашро аз танаш кашида, ба хомӯш кардани он шурӯъ мекунад. Ҳамин дам мебинад, ки дар мобайни оташ як мори ҳаросон худро ба ҳар тараф мезанад. Мори бечора чӣ илоҷ карданашро намедонад. Ҳезумкашро дида илтиҷо мекунад:
– Эй марди меҳрубон аз ин балои оташ маро наҷот деҳ.
Ҳезумкаш зуд халтаашро холӣ мекунаду ба воситаи як чӯби дароз халтаро ба мобайни оташ дароз карда ба мор мегӯяд:
– Ба даруни халта даро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё