Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Ҳар се аз ҳамин ҷо, то назди ҳо ана вай санги калон медавем, касе пеш расид гандум аз они вай аст.
Сангпушт розӣ нашуд:
— Ту медонӣ, ки мо мисли ту давида наметавонем. Ин шарт намешавад.
Мӯрча ба сангпушт чашмак заду гуфт:
— Майлаш, мо розӣ.
— Тайёр шавед! — гуфт рӯбоҳ.
Мӯрчаву сангпушт ба давидан тайёр шуданд.
— Як, ду, се! Давидем! — гуфта, рӯбоҳ ба тарафи хирман чорхез зад.
Ҳамон дам мӯрчаи зирак ба думи рӯбоҳ часпид.
Ҳар се давиданд.
Рӯбоҳ ба назди санги калон расиду гуфт:
— Ана гандум ҳаққи ҳалоли ман шуд.
Думашро ба замин гузошта қоҳ-қоҳ хандид. Ҳамин дам аз таги думи рӯбоҳ садои мӯрча баромад:
— Э ноинсоф, думатро бардор, маро зер кардӣ. Ман аз ту зудтар омадам.
Рӯбоҳ ҳайрон шуда пурсид:
— Э, аҷоиб шуд-ку, ту чӣ хел аз ман пештар омадӣ?
— Чӣ, ту тохтани мӯрчаҳоро намедонӣ? Ман аз ту сабуктару чолоктар, аз ту пештар омадам.
Рӯбоҳи маккор ҷанҷол бардошт:
— Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Ман бовар намекунам!
Сангпушт ҳам оҳиста-оҳиста ба назди онҳо омад. Раҳораҳ фикр карда ба ёдаш расид, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё