Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Меҳнати шумо барбод меравад. Ман рафта онро нигаҳ медорам, то ки заҳмати шумо беҳуда наравад.

Мӯрчаву сангпушт бо заҳмати зиёд заминро шудгор карданд, гандумро аз хӯша ҷудо карда, ба замин пошиданд, мола карданд.

Дам гирифта, нишаста буданд, ки осмонро абрҳои баҳорӣ печониду борони маҳин борид. Чанд вақт гузашт. Гандум сабз шуд. Рӯбоҳ бо оҳу вох омаду ба дӯстонаш гуфт:

– Монда шудам. Теппа қариб чаппа шуда буд. Гоҳ бо ду пои пеш, гоҳ бо ду пои пас вайро нигоҳ доштам.

Мӯрчаи майдаяк ҳилаи ӯро пай бурда гуфт:

– Ҳоло ҳама бояд ғалларо аз малаҳу зоғу заган нигоҳ дорем.

Рӯбоҳ боз мақкорӣ кард:

– Набошад, шумо посбонӣ кунед, ман вазифаи худро иҷро кунам. Рафта теппаро нигоҳ дорам, то чаппа нашавад.

Рӯбоҳ рафт. Сангпушт гуфт:

– Ба назарам, ин мақкор дӯстӣ надорад, моро фириб мекунад.

Мӯрча дар ҷавоб гуфт:

– Номи вайро рӯбоҳи мақкор, ба хӯрдан тайёр мегӯянд. Ғам нахӯр, ба ҳилааш, ҳила ба кор мебарем.

Рӯзҳою ҳафтаҳо гузашту гандум пухта расид. Мӯрча ва сангпушт то пухтани гандум ғалларо аз малаҳу парандаву чаранда ҳимоят карданд. Хӯшаҳои гандум чунон зарду зебо шуда буданд, ки ҳаваси кас меомад.

пешина
аз 264
навбатӣ