Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Дид, ки сангпушт ором, ботамкин, беозор аст,
гуфт:
— Майлаш, мебарам.

Дар ҳамин лаҳза аз куҷо як рӯбоҳи айёр, ҳамеша бекор, аз меҳнат безор, ба хӯрдан тайёр, надорад тоқати кор, пайдо шуд. Ба мӯрчаву сангпушт як нигоҳи маккорона карду аввал аз сангпушт пурсид:
— Ту кистӣ?
— Ман сангпушт ҳастам.

Рӯбоҳ мағрурона ба мӯрча нигоҳ карда, савол кард:
— Ту, ҷонвараки майдаяк, кистӣ?
— Ман мӯрча ҳастам, дӯсти сангпушт.

Рӯбоҳ бо тамасхур пурсид:
— Ту, майдаяк чӣ хел дӯсти сангпушт ҳастӣ?
Мӯрча гуфт:
— Ман аз зоти ҳашарот, сангпушт аз зоти хазанда, бо якдигар дӯст ҳастем.

Рӯбоҳ ҳам мағрурона ва маккорона гуфт:
— Ман аз зоти ҳайвонот, пас, ман ҳам дӯсти шумоям. Агар ягон кор доред маро ҳам шарик кунед.

Мӯрча гуфт:
— Мо ният дорем, ки ҳамин хӯшаи гандумро корему баъд ҳосили онро тақсим кунем.

Рӯбоҳи маккори айёр зуд ба онҳо ҳамроҳ шуд.
Мӯрча ва сангпушт ба шудгор кардани замин шурӯъ карданд. Рӯбоҳи маккор, аз меҳнат безор, ба хӯрдан тайёр зуд ҳила пеш оварда гуфт:
— Бинед, он теппа омада ба болои шумо заданӣ!
Агар хоки вай чаппа шавад, ҳам шумо ва ҳам

пешина
аз 264
навбатӣ