Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Аз сандуқ ҳеҷ садо намебарояд. Аз ин рафтори зан ҳама дар ҳайрат мемонанд ва мегӯянд, ки ин зан девона шудааст.

Зан ба пеши подшоҳ таъзим карду гуфт:

– Олиҷаноб, ҳамин сандуқ шоҳиди ҳақгӯи ман аст. Агар аз вай садое набарояд ҳезум оварда сандуқро бояд оташ зад. Он гоҳ ман аз баҳри ин тангаҳои тилло мебароям.

Подшоҳ аз ин гуфтори зан дар тааҷҷуб монда, худ ба худ гуфт: «Дар ин ҷо сире ҳаст, онро бояд донист». Подшоҳ амр мекунад:

– Зуд ҳезум ореду сандуқро оташ занед.

Сандуқро аз болои ароба ба поён фуроварда аз тагаш ҳезум гузошта, оташ заданд. Гармии оташ ба сандуқ мерасаду аз даруни он ғалоғула мебарояду шунида мешавад:

– Ин зан рост мегӯяд, ҳазор тангаи ӯро ин мулло дуздид.

Ҳама аз шунидани ин садо ҳайрон шуданд. Оташро хомӯш карданд. Бо фармони подшоҳ сандуқро кушоданд. Аз даруни сандуқ миршаб, ҳоким ва қози як даст ба пешу як даст ба қафо баромаданд. Дар байни мардум шармандаву шармсор шуданд. Баъд подшоҳ занро ба наздикӣ даъват карда, асли воқеаро пурсон шуд. Зан ҳамаи воқеаро як ба як ба подшоҳ гуфт. Подшоҳ ҳазор тангаи тиллои заргарро аз мулло гирифта доду ӯро ба таври абад зиндон кард. Миршабро сад чӯб заданд, ба рӯи ҳоким сиёҳӣ молиданд, риши қозиро тарошиданд, баъд ҳар серо ба харе Савор карда ба назди бозори калони шаҳр гардонданд. Мардум гуноҳи онҳоро фаҳмида лаънат хонданд. Онҳо хору зор шуданд ва зани покдоману вафодори заргар ба назди шавҳараш омада, воқеаро нақл кард. Суханҳои занашро шунида, аз хушҳолӣ чашми заргар равшан шуд. Пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯз Худо ба онҳо як писар дод. Ана ҳамин тавр онҳо ба муроду мақсадашон расиданд.
Худоё, шумо ҳам бирасед.

пешина
аз 264