Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Силоҳу аспи ман дар куҷост?
Фарангибону мегӯяд:
— Дар берун.
Барзу паси дарвоза рафта меистад. Яке аз одамони подшоҳ дарро зада шикаста, бо аспу найзаву силоҳи худ ба боғ ба дарун медарояд. Барзу ҳам ӯро якто зада чаппа мекунаду либосу аспу найзаву силоҳи ӯро мегирад. Ҳафт шабонарӯз дар даруни боғ ҷанг мешавад. Барзу касеро ба боғ даромадан намемонад. Вале кадом як тирандози моҳир аз гӯшае тир мезанад. Тир ба сари шонаи Барзу мерасаду ба замин меафтад. Сарбозон зуд ба кох даромада, ӯро ба асорат мегиранд. Барзуро ба назди подшоҳ мебаранд. Подшоҳ мепурсад:
— Ту кистӣ, аз куҷоӣ?
Барзу росташро мегӯяд:
— Ман аз Эронзамин.
— Э? Аз Эронзамин? Ту чӣ тавр шуд, ки ин ҷо омадӣ?
Барзу, ки одами ростгӯ буд, воқеаро як-як ба подшоҳ баён мекунад. Подшоҳ аз воқеа огоҳ шуда, дар ҳайрат мемонад. Мефаҳмад, ки ин ҷавон дурӯғ намегӯяд ва ҳам нотарс аст. Барои нигоҳ доштани шарафу номуси худ аз Барзу мепурсад:
— Ҳоло кор то ин ҷо расид. Ту Фарангибонуро ба занӣ қабул мекунӣ?
Барзу табассум мекунаду посух медиҳад:
— Агар шумо розӣ бошед, бале!
Подшоҳ мегӯяд:
— Ман розӣ, вале ба шарте, ки оини моро бипазирӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо