Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ҳамон дар кайфу сафо аст. Маро тӯҳмат зад, ки гӯё ба хӯрокаш намак андохта бошам.
Модар мепурсад:
— Рост мегӯӣ?
Духтар ҷавоб медиҳад:
— Наход ман дурӯғ гӯям.
Модари ҷодугар ба дарбори подшоҳ бемалол медаромад. Подшоҳ аз сеҳру ҷодую фолбинии ӯ истифода мекард. Модар ба дарбор рафта, бо гиряву нола макру ҳила ба подшоҳ шикоят мекунад:
— Эй подшоҳи олам, балои шуморо гирам, дарди шумо ба ҷонам, шумо пушту паноҳам, тоҷи сарам. Ман ба ҳимояти обрӯю эътибори шумо омадам.
Подшоҳ ҳайрон мемонад:
— Эй модари бузург, чӣ гап?
— Духтаратон бо як ҷавон, чил шабонарӯз аст, ки дар айшу ишрат аст. Аз асабоният бо баҳонаи шӯрии хӯрок духтари маро зада маҷрӯҳ кардааст.
— Рост мегӯӣ?
— Чаро дурӯғ гӯям.
Подшоҳ зуд як даста аз сарбозонро ба боғи духтар мефиристад. Онҳо гирди кохи духтарро мепечонанд, то ки касе аз он ҷо берун наравад.
Фарангибону аз тиреза мебинад, ки дар гирди кох сарбозон. Ин ҳолатро дида ба Барзу мегӯяд:
— Ин кори Моҳира, вай ба модараш гуфт. Модараш ба падарам. Кор бад шуд. Ҳар дуямон дар дами марг.
Барзу мегӯяд:

пешина
аз 264
навбатӣ