Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Лашкараш аз Босанд мегузарад. Дар доманаи кӯҳ дам мегираду пас аз гӯшту палав, дилаш харбуза мекашад. Афросиёб ба навкаронаш фармон медиҳад:
— Мегӯянд, ки харбузаҳои Босанд ширин аст...

Чанд тан аз навкарон рост ба назди харбузазори Барзу меоянд. Мебинанд, ки харбузаҳо калон-калон. Як сарбоз аз аспаш фуромада якеро канда, ба сари зонуяш зада, ду кафонда мечашад. Ба дигарон мегӯяд, ки «ба мисли асал ширин аст». Аз ҳеҷ кас напурсида, сарбозон ба кандани харбуза шурӯъ мекунанд. Шаҳноз ин аҳволро дида ба писараш Барзу, ки дар таги сояи чайлов хоб буд, мегӯяд:
— Барзуҷон, писарам, хез! Бин, чанд кас омада, бепурсиш харбуза мегиранд.

Барзу аз ҷой хеста мебинад, ки чанд нафар аспакӣ палакро поймол карда харбуза мекананд. Барзу белашро гирифта ба назди меҳмонони нохонда меояд:
— Ӯӯӯӯӯ, бародарон, шумо кӣ ҳастед? О, мегӯянд, ки аввал пурсиш, баъд кӯшиш. Палакро поймол накунед, чӣ мехоҳед?

Як тан аз сардори онҳо, ки дар болои асп худсояро кашола карда фармон медод, ба Барзу мегӯяд:
— Э ширмак! Инро мо ба шоҳи олам мебарем! Хап кун!
— Чаро хап кунам. Магар шоҳи олам бепурсиш гиретон мегӯяд?

Сардор бо чанд дашному нафрин, якбора напурсида, бо қамчин ба китфи Барзу чандто мефурорад:

пешина
аз 264
навбатӣ