Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Куштам! То даври қиёмат ин амали нангин аз номи ман немеравад! Вой, доду бедод!!!
Рустам барои Сӯҳроб месӯзад, мисли кабоб бирён мешавад. Хеле нороҳат мегардад ва бо лашкари Афросиёб сахт меҷангад, ки аз чор қисм як қисми лашкар намемонад. Як қисми лашкар ҳангоми гурехтан ба дарёи Аму ғарқ мешавад. Афросиёб мағлуб шуда, бо сару рӯи харошида, ба Самарқанд бармегардад.
Яке аз дӯстони Сӯҳроб аспу сару либоси ӯро ба Шаҳноз меораду хабар медиҳад, ки аз дасти падар кушта шуд. Шаҳноз даст ба гардани асп фиғон мекашад, либоси Сӯхробро ба машомаш мебараду аз ғаму андӯҳ мӯю рӯй меканад.
Аз байни нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соат мегузарад, Шаҳноз таваллуд мекунад. Бачааш калон, азимҷусса. Мисли барзгарон, яъне деҳқонон. Модар номашро Барзу мемонад. Пас аз чанд сол падару модари пири Шаҳноз ҳам мемуранд. Шаҳноз бо писари танумандаш - Барзу ба замини меросӣ ҳар чӣ кишт мекунаду рӯзгори худро пеш мебарад. Дар фасли баҳор дар як тараф харбуза, дар як тараф тарбуз, дар як тараф ҳандалак, дар як тараф боз чизҳои дигар корида, ҳосили хуб гирифта зиндагонии худро пеш мебаранд.
Аз байн чандин сол мегузарад. Барзу ҳам ба 18 мерасад. Қаду қомат мисли падараш Сӯхробу бобояш Рустам, вале аз онҳо бузургтару тануманд. Белу каланди Барзу нисбат ба барзгарони дигар чанд баробар калон аст. Тобистонҳо кишт мекарду дар таги сояи чайлов хоб мерафт.
Як рӯзи гарми тобистон буд. Рӯзе Афросиёб бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё