Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Яд карданд, ки дар домани кӯҳ як писараки чолок бо ҳайвонҳо чунон мепараду меҷаҳад, ки дар ҳайрат мемонед. Ин гап дар ҳама ҷо овоза шуд, ки кӯдаке бо парандаҳову чарандаҳо, дарандаҳо як ҷост.
Аз байн солҳо гузашт. Сом хеле пир шуд. Писараш ба ёдаш расид. Аз кардаи худ пушаймон гашт. Шабҳо дар фироқи писари ягонааш, ки бо мӯи сафед таваллуд шуда буд, ашк мерехту ба касе намегуфт. Афсӯс хӯрда, худ ба худ гуфт, ки «ҳар чӣ бошад, фарзанд буд; чаро ман чунин рафтори беҷо кардам; вайро зоғ хӯрд, заған хӯрд, намедонам чӣ шуд, гум шуду рафт. Ман бефарзанд мондам. Акнун аз ман насле намонд».
Рӯзе хабари дар кӯҳ дар байни парандагон будани писараке ба гӯши Сом расид. Ба дилаш шарораи умед пайдо шуд. Якбора аз дил гузаронд, ки «худоё, вай шояд писараки ман бошад». Сом дилашро ба вазираш холӣ кард:
– Гӯш кун, гапи мардумро шунидӣ?
Вазир гуфт:
– Бале, дар тамоми кишвар мегӯянд, ки як писараки 10-12 сола ба мисли оҳу бар кӯҳ мебарояд ва дар як лаҳза зуд ба поён мефарояд. Афташ ба одам монанд, вале рафтораш бисёр чолок аст. Ҳар қуллае, ки одам баромада наметавонад, вай мебарояд.
Сом ин гапро шуниду тоқаташ тоқ шуд. Зуд чанд нафар паҳлавононро ҷамъ карду ба доманаи ҳамон кӯҳ рафт. Аз дур ба зери дарахте пинҳон шуда, давидану паридану ҷаҳидани писаракро ба мушоҳида гирифт. Писарак хеле зебо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё