Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Хӯрчини пури харбуза. Ӯро монед, ки ба назди ман дарояд.
Рӯзи дигар деҳқон бо ду палла хӯрчини харбуза, ки ба хараш бор аст, ба арки подшоҳ омад. Дарбонҳо хару хӯрчинашро ба гӯшае нигоҳ дошта, ӯро ба назди подшоҳ бурданд. Подшоҳ бо вазираш буд, аз деҳқон пурсид:
– Марҳамат, чӣ арз дорӣ?
– Подшоҳи олам, ҳеҷ арз надорам. Ман деҳқонам. Ҳар сол харбуза мекорам. Харбузаҳоям ширин мешавад. Ҳама чашиданд. Хостам, ки шумо ҳам чашед.
– Харбузаҳоят чанд пул аст?
– Олиҷаноб, ман барои фурӯш наовардам.
Фақат барои чашидани шумо овардаму халос.
Подшоҳ ба хидматгоронаш фармон дод, ки хӯрчини пур аз харбузаи деҳқонро ба наздаш оранд. Зуд оварданд. Бо фармони подшоҳ як лаълию корд оварда харбузаро қалам-қалам бурида, ба пеши подшоҳ гузоштанд. Подшоҳ чашид. Дар воқеъ, чунин харбузаро дар тамоми умраш начашида буд. Ин рафтори деҳқон барои подшоҳ хеле хушоянд омад. Подшоҳ пас аз ташаккур ба деҳқон гуфт:
– Шумо ба ман ҳадя овардед. Ман ҳам ба шумо ҳадя медиҳам, ки гиред.
Бо фармони подшоҳ ба деҳқон ҷомаи заррин ва дар як ҳамён сад танга тилло доданд. Деҳқон хеле шод шуда баромада рафт. Вазири подшоҳ ин аҳволро дида ҳасудӣ карда гуфт:
– Олиҷаноб, агар ба ҳар роҳгузар сад тангай ҳадя кунед, дар хазина чизе намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё