Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
рифтанд. Оҳиста-оҳиста мардум ба гирди онҳо ҷамъ шудан гирифтанд. Мулк ободу мардум шод.
Дар кишвар овоза шуд, ки як зани донову тавоно як марди фақирро сарватманд кардааст. Ин зан хеле кордону ҳунарманд. Сарвати тамоми кишварро гирифта ба мардум додааст.
Подшоҳ аз ин аҳвол ҳаросон шуд. Ба лашкараш фармон дод, ки он занро ба пеши ман оред.
Аммо одамони Салима сарлашкарро бандӣ карданду лашкарро тобеи худ намуданд. Мардум зада ба қаср даромада, хостанд подшоҳро кушанд.
Вале Салима инро раво надид. Гуфт:
— Куштор бадтарин кор аст. Накушед.
Як гурӯҳ одамони зираку хушёр, донову баор ба қаср даромаданд. Машварат чунин шуд, ки подшоҳ тахтро ба намояндаи мардум супорад, ки як зани доност.
Салимаро ба тахт шинонданд. Ӯ фармон дод, ки касе ҳунармандӯ ободгар аст, маошаш ду баробар. Салима аз подшоҳ хост, ки аз зулме, ки дар ин солҳо кардааст аз мардум узр хоҳад ва дар қатори мардум бо меҳнати ҳалол зиндагонӣ кунад. Шоҳ шод шуд, ки ӯро накуштанд, ба пеши пои Салима афтоду гуфт:
— Маро бубахшед, маликаи кишвар.
Салима гуфт:
— Худо бубахшад. Аввал аз Худо мехоҳам, баъд аз шумо.
Подшоҳ як таккон хӯрду ба малика нигоҳ кард, ки зани пешкардаи худаш.
— Натарсед, яъне аввал аз Худо мехоҳам, ки
шуморо бахшад, баъд аз шумо мехоҳам, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё