Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан
  • Не-не, ту бад фикр накун. Ман ба аҳдам вафо мекунам. Туро ҳатман аз банд озод менамоям.

Гурба барои бартараф кардани андешаи муш ишорат кард:

  • Ту ҳар чӣ фикр мекунӣ, ошкор гӯй, то ман онро бартараф кунам.

Муш гуфт:

  • Ман шунидаам, ки дӯстон ду навъ мешаванд. Якум ин ки бе ҳеҷ ғаразу тамаъ дӯстӣ мекунанд. Дуюм ин ки ҳатман барои кадом ғаразе ё тамаъе дӯстӣ мекунанду пас аз ситонидани фоидаи худ дӯстиро тарк менамоянд. Дӯстони бетамаъ ҳамеша сазовори боварӣ ҳастанд, вале дӯстони ботамаъ худро ба сад ранг медароранд. Барои ҳамин ман эҳтиёт мешавам. Мувофиқи ваъда туро аз дом раҳо мекунам, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт ҳам мешавам.

Ин гуфтаҳои муш ба гурба хеле писанд омаду гуфт:

  • Офарин, эй муш. Дар ҳақиқат, ту хирадмандӣ. Ман ба ин таҷрибаи ту қоилам. Росташро гӯй, ман чӣ кор кунам?

Муш гуфт:

  • Гӯш кун, ман тамоми банди пои туро мекушоям. Вале як тори он ресмонро боқӣ мегузорам. То охир ман дидам, ки ту ба ман зарар намерасонӣ, он торро низ мекушоям.

Гурба зиракии мушро дида ба гуфтаи ӯ розӣ шуд. Ногоҳ дид, ки шикорчӣ меояд. Муш ба аҳдаш вафо карда, охирин тори ресмони домро бурид. Гурба аз тарс мушро фаромӯш карда, ҷаҷида ба болои дарахт баромад. Муши зирак

пешина
аз 264
навбатӣ