Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

об дод. Баъд ароба ба наздики як ҷангал омада буд, ки моиндар либосҳои Маҳтобро кашида гирифта, ба духтараш мепӯшонад. Либосҳои куҳнаи духтарашро ба Маҳтоб пӯшонда, як лагад зада аз ароба тела медиҳад. Бечора ғелида мераваду ба рӯи сабза меафтад. Моиндар духтарашро бурда ба шаҳзода никоҳ карда медиҳад. Ҳар моҳ мору аждаҳои духтарашро аз пешонаву манаҳаш бурида, бо оби чашм мешӯяд, то ки сираш фош нашавад. Шаҳзода ҳайрон мемонад, ки ин вай духтари мехостагиаш нест. Ҳис мекунад, ки дар ин ҷо як розе ҳаст. Дар дил мегӯяд, ки сабр бояд кард.

Инҳоро дар аҳволи худ мегузорему ҳикоятро аз Маҳтоб мешунавем. Маҳтоб бо ду чашми нобино, бо оҳу воҳ, дар рӯи сабза хоб аст. Дасташ ба ҳамон дастрӯймол. Дар ҳамон атроф як чӯпон буд. Вай овози маҳзунеро шунида, ба сӯяш меравад, ки мегуфт: «касе маро ба хонааш барад бефарзанд бошад фарзанддор мешавад, бебахт бошад хушбахт мешавад, беризк бошад рӯзиаш зиёд мегардад». Ин чӯпон бефарзанд буд. Духтарро дар ин аҳвол дида раҳмаш меояд. Ба суханони Маҳтоб эътиқод карда, ӯро ба хонааш мебарад. Чӯпону занаш духтарро нигоҳубин карданд. Зани чӯпон сару рӯи Маҳтобро шуст. Либос пӯшонд. Духтар шабу рӯз дар ёди ҳамон бибиҳои фаришта буду ҳамроҳи зани чӯпон ба пӯстакдӯзӣ ёрӣ медод. Пӯсти бузу гӯсфандро аввал ош медоданд, баъд аз чандтои он як пӯстаки калон медӯхтанд. Баъзеро ранг мекарданд. Зани чӯпон бо мадади Маҳтоб пӯстакҳои зебо медӯхт. Чӯпон

пешина
аз 264
навбатӣ