Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Тӯиши одамгарӣ, меҳрубонӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ буд. Девҳо сурудро шунида ашк мерезанд. Деви сурх, ки сардор буд, мегӯяд:
— Эй ҷавон, моро мафтун кардӣ. Аз мо чизе талаб намо, ки иҷрояш кунем.

Кокулзарӣ ҳалимона мегӯяд:
— Ман ошиқи Гуликаҳқаҳ, барои вай омадам. Ӯро ба ман бидиҳед.

Деви сурх ба девҳои дигар фармон медиҳад, ки Кокулзарӣ ва Гуликаҳқаҳро ба манзил расонед. Дар як дам онҳоро ба қаср мерасонанд.

Миш-миши чилдег, қасри зебо, овозхонии Кокулзарӣ ва хандаи Гуликаҳқаҳ, ки ҳангоми хандидан аз даҳонаш гул мерезад, ба гӯши подшоҳ расид. Дилаш хост, ки ин қасрро аз наздик бинаду овози ин писарро шунавад. Худ аз худ подшоҳ аз дил мегузаронад: «Агар зани ман ҳам бачаи кокулзарӣ мезоид, ҳоло ман ҳам писари Кокулзарӣ медоштам».

Ҳар боре ки кампири Золак Кокулзариро барои овардани чизе мефиристод, моҳигир кунҷков мешуд. Пурсида-пурсида аз тамоми воқеа бохабар шуд. Дигар ҳочат ба пиҳон кардан нест. Як рӯз моҳигир асли воқеаро ба Кокулзарӣ гуфт. Гуфт, ки падари ту подшоҳ аст. Модарат дар зиндон. Кокулзарӣ аз шунидани ин воқеа оҳи сарде кашиду бо машварати моҳигир подшоҳро ба меҳмонӣ даъват кард.

Занҳои подшоҳ ва он Золакро низ даъват карданд. Дар қаср меҳмонҳои дарбори подшоҳ омаданду ҳайрон шуданд. Дар як дам дар чилдег чил

пешина
аз 264
навбатӣ