Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Хел хӯроки лазиз омода шуд. Пас аз хӯрдани хӯрок Кокулзарӣ суруде хонд, ки мазмунаш оё инсон саг мезояд буд. Подшоҳ сурудро шунида ашк дар чашм аз ҷояш бархосту ба назди моҳигир омаду пурсид:
– Кокулзарӣ писари шумост?
Моҳигир гуфт:
– Не, писари шумост.
Подшоҳ воқеаро фаҳмид. Золак бо доду фиғон, ба пеши пои подшоҳ афтода, ҳақиқатро ошкор кард. Подшоҳ зуд фармон дод, ки занро аз зиндон бароранд. Ду занашу Золакро ба зиндон баранд, то ки дар он ҷо пӯсида муранд.

Дар қаср садои доираю думбаку карнаю сурнай баланд шуд. Моҳигиру подшоҳу зани ростгуфтораш Кокулзарию Гулиқаҳқаҳро чил шабу чил рӯз тӯю тамошо карда, деги чилгӯшро гузошта ба мардум зиёфат доданд. Мардум то имрӯз ба тӯи ин ду ҷавон мераванду аз чилдег хӯрок мехӯранд, ҳеҷ не, ки тамом шавад. Онҳо ба муроду мақсад расиданд, мову шумо ҳам бирасем.

пешина
аз 264
навбатӣ