Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
гуфт. Пирамард афсӯс хӯрда, ишорат бар он кард, ки роҳи хатарнок аст. Дид, ки ҷавони хуб аст, бароиш гуфт:
– Ту ба ин роҳ рав. Меравӣ, меравӣ, меравӣ, аз пешат ҷангале мебарояд, ки се роҳ дорад. Ту бо роҳи мобайн рав. Аз ин роҳ рафтан мегирӣ, аз пешат кӯҳе мебарояд. Ба дасти ростат нигоҳ кун, як ғори азим аст. Дар даҳони ғор як духтари соҳибҷамол аст. Ана ҳамин духтар Гулиқаҳқаҳ аст. Вай солҳост, ки дар асорати девон мондааст. Гурехта наметавонад. Ба духтар салом деҳу бигӯ, ки аз назди бобои сафедпӯш омадам. Худо хоҳад, корат барор мегирад.
Кокулзарӣ, чи тавре ки бобои сафедпӯш гуфт, ҳамон тавр кард. Баробари ба даҳони ғор расиданаш духтар ӯро ба таҳхона пинҳон кард. Дар ҳамин вақт як деви ваҳшатнок аз хоб бедор мешаваду мегӯяд: «Бӯи одамизод омад» ва дандонашро мекобад, ки як линги одам мебарояд. Лингро ба як сӯ паротофта «Бӯи ҳамин будааст» гӯён, боз ба хоб меравад. Ин духтари соҳибҷамол як ханда мекунад, ки аз даҳонаш гулҳои рангоранг мепараду ҳамаҷоро муаттар месозад. Кокулзарӣ дар ҳайрат мемонаду аз бӯи гулҳо беҳуш мешавад. Гулиқаҳқаҳ аҳволи ҷавонро дида, баландтар механдад. Гулҳои боз ҳам зеботару хушбӯтар аз даҳонаш парида, Кокулзариро ба ҳуш меорад. Аз дидани ин чеҳраи дилрабо илҳоми Кокулзарӣ ҷӯш мезанаду месарояд. Бо садои мафтункунанда девҳо низ аз хоб бедор мешаванд. Ба Кокулзарӣ зарар намерасонанду мегӯянд, ки боз суруде бихон. Суруди дигари Кокулзарӣ ин дафъа дар си-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё