Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй Рустами назм порси эҷод бикун ,
Арвоҳи гузаштагони худ шод бикун .
То Ҳофизу Саъдии дигар боз ояд ,
Боғи адаби порсӣ обод бикун.


Эй онки ба рўҳи авлиё пайвастӣ,
Бар оину дини анбиё дил бастӣ.
Гар кучаки лек ман бузургат бинам ,
Шукронаи он кунам ки тоҷик ҳастӣ.


Дар симои ту ман Буалиро дидам ,
Гаҳ шоҳи аҷам гаҳ валиро дидам .
Гаҳ Ҷомиву гаҳ Хаёму гаҳ мавлоӣ,
Дар рўҳи ту дарки азалиро дидам.


Эй Рустами хурдакак ту кучак наӣ,
Ту пири бузургиву ту кудак наӣ.
Гар ҳашмати одами хирад асту на сол,
Боз мегуям на-на ту кудак наӣ.


Эй ҳадяи Кирдгор ба миллат бизӣ ,
Эй волонишини тоҷи шуҳрат бизӣ .
Имрўз нафаре ба қадри ту гар нарасад ,
Чун нобиғаи бузурги миллат бизӣ.


Эй суфтагари дури сухан боз бигў,
Эй булбули гуёи чаман боз бигў.
Ҳайратзадаи каломи шевои туям,
Валосуханӣ ҳар анҷуман боз бигў.

пешина
аз 75
навбатӣ