Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қитъаҳо
Ҳушдор, ки умр гузарон аст,
Фардои баҳори ту хазон аст.
Умед мадор, ки бори дигар,
Тавлид нахоҳӣ гашт зи модар.


Эй, ки бо кибру ғурурӣ,
Дар шабоҳат чун булурӣ .
Ногаҳон бишкаста гардӣ ,
Гарчи бо тобишу нурӣ .


Ту бузургтарин бузургӣ,
Ту бақои бобақоӣ.
Эй нуҳуфтаи ҳувайдо,
Ба ману вале хафоӣ.

пешина
аз 75