Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Аз муи сафеди худ хиҷолат дорам,
Бар ин дили девона маломат дорам.
Даврони ҷавониам, ки беишқ гузашт,
З-ин ишқи ақибмонда шикоят дорам.
Ишқе, ки надора қиммате ишқи ман аст,
Як зарра надора ғайрате ишқи ман аст.
Як нилуфаре буду ба мурдоб шукуфт,
З-ин ишқи ақибмонда шикоят дорам.
Эй пардаи исматам қави гард қавӣ,
Он рўз мабод чун ғунча барканда шавӣ .
Он рўз ки чу гул зи парда берун оӣ ,
Аз рафъати манзалат афганда шавӣ.
Эй бодияи ғам интиҳои ту куҷост?
Эй қалби ба сўз таъсири оҳи ту куҷост?
Эй модари сербача чаро танҳоӣ?
Зорию низор, пушту паноҳи ту куҷост?
Ман ошиқи ту наям дилам ошиқи туст,
Аз рўзи азал хоку гилам ошиқи туст.
Пандам диҳӣ, ки ба амри дил гўш мадеҳ,
Ақлу руҳу ҷони бисмилам ошиқи туст.
Ҳарчанд, ки ишқи ман надорад суде,
Ин ахгари сўхта надорад дуде.
Аммо дили пургуноҳ ба фармонам нест,
Ҳар лаҳза ба ў меҳри наве афзудӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё