Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ман ёди туву аммо ба ёди дигарӣ,
Дилсўхтааму расӣ ба доди дигаре.
Ё Раб аз ин панҷара озодам кун.
Ман низ бошам ба суроғи дигаре.
Ишқи ман на ишқи инҷаҳонист бидон,
Не лағву дурўғу моли фонист бидон.
Ин ишқи муназзаҳу Илоҳист яқин,
Ин сарвати қудс пурмаонист бидон.
Як лаҳза дилам зи ёди ту берун нест,
Мисли дили ман дили касе пурхун нест.
Ёди ту маро ба қудс мепайвандад,
Ин дил ба ёди хокиҳо маҷнун нест.
Ишқи ту маро то дами марг ҳамроҳ аст,
Аз сўхтани ман фақат Худо огоҳ аст.
Айбам ту макун, ки ин ҳама хости Худост,
Эй дўст бибахшо, ки дилам гумроҳ аст.
Пир гаштаму ишқи ту ҷавон мегардад,
Сармояи умри ҷовидон мегардад.
Исмат ба китоби шеър сабт аст мудом,
Он даст ба дасти мардумон мегардад.
Ин қадр бихоҳам, ки зи ёдат бибарам,
Дар ивази он ишқи наверо бихарам.
Ин панҷараи ишқ раҳоям накунад,
Чун мурғаки дар гарав беболу парам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё