Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зинҳор магард паси ҷаҳони гузарон,
Гаҳ оташи сузандаву гаҳ баҳри дамон.
Хилват нишин қаноате пеша гузин,
Шукреву сипос ҳарчӣ Худо дод бар он.


Ман шефтаи он диле ғами ёр хурад,
Заҳрро ба ёр нуш ба ағёр хурад.
Ман бандаи он диле чу дарёст бузург,
Аз дўст нагусаст гарчи озор хурад.


Додрас ба оҳи ман Худояст Худо,
Ҳам пушту паноҳи ман Худояст Худо .
Аз хешу табор надорам умеду тамаъ ,
Танҳо такягоҳи ман Худояст Худо .


Ин мактаби ишқ шоирӣ омўхт маро,
Ин сарвати ишқ шокирӣ омўхт маро.
Дар ишқи ту аз одамиён нанге нест,
Ин талхии ишқ собирӣ омўхт маро.


То бо ту будан ба ёди ту ширин аст,
Дунёи хаёл ба ёди ту рангин аст.
Носудагии ёди ту ороми дил аст,
Бе ёди ту як лаҳза басе сангин аст.


Ин дил, ки зи ишқи ту басе афсурдаст,
Як лаҳза зи ёди ишқи ту носудаст.
Арзандаи ишқ наяст ҳар ончӣ фонист,
Ин ишқ яқин ишқи Илоҳӣ будаст.


пешина
аз 75
навбатӣ