Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Эй дил ба дида оби худ сар додӣ,
Эй дида зи сирри ман шудӣ мунодӣ.
Эй об шудӣ тўфони Нуҳ дар рўхи ман,
Эй рӯҳ ту ранги сурх ба зардӣ додӣ.
Ё раб зи дилам ғамзудоянда туӣ,
Раҳгумзадаам раҳнамоянда туӣ.
Ҳайронаму лол корсозанда туӣ,
Мискинаму зор банданавозанда туӣ.
Кош зарду заҳиру заъфаронат бинам ,
Афтодаву хор чун хазонат бинам .
Кош дар раҳи зиндагони дармонда шавӣ,
Он чи ки ба ман кардӣ чунонат бинам .
Эй онки туро фалак даст дода кунун,
Аз қалбу зи сар дур намо озу ҷунун.
Неку баду ҳам фақру ғаноим гузарад,
Ботини фалак пур аст аз макру фусун.
Андар дили ман ҳазор дарду алам аст,
Аз неши фалак ҳазор захму ситам аст.
Оне ки давои ҳамаи дарди ман аст,
Ин ҳам қалам асту қалам асту қалам аст.
Эй дил дигар махур ғами бешу камӣ,
Ҳарчанд сурох-суроху пурдарду ғамӣ.
Аз ин ҳама изтиробу ғам суде нест,
Гар сабру қаноатат бувад ҷоми Ҷамӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё