Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз гардиши зиндагонӣ дилгир шудам,
Дар айни ҷавонӣ оҳ, ки пир шудам.
Ҳар мўи сафед шоҳиди рўзи сияҳ аст,
Аз ҳеҷ ба ҳеҷи умр охир шудам.


Дарду аламам қалам медонаду бас,
Ранҷу ситамам қалам медонаду бас.
Борони сиришк зи дидаам меборад,
Ў ҳам ба сари қалам мебораду бас.


Урён ба ҷаҳон омада урён биравем,
Ҳайрон ба ҷаҳон омада ҳайрон биравем.
Асрори ҳама бидонад Устоди азал,
Нодон ба ҷаҳон омада нодон биравем.


Маро озурдадил кардию рафтӣ,
Маро пуроҳи дил кардию рафтӣ .
Расад оҳи дилам чун тир ба ҷонат,
Дили манро хиҷил кардию рафтӣ.


Гули садбарг будам ман ба дастат,
Ки буям менамуд шайдову мастат.
Зи нодони фикандиям ба кўча,
Кунун хоре бишуд орои дастат.


Туро дар ҳалқаи ағёр дидам,
Зи ман ғайбат намуди мешунидам.
Агарчанде, ки бе парво гузаштам,
Вале бо худ чу баҳре медамидам.


пешина
аз 75
навбатӣ