Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қазоро бин, ки бо ман дар ситез аст,
Зи ман толеъи хуш андар гурез аст.
Куҷо рафтам куҷо хестам нишастам,
Ба сар борони кулфат рез-рез аст.


Ту эй дида чунин пурнам чароӣ?
Ту эй қалбам чунин пурғам чароӣ?
Ту эй сар эй сари савдоии ман,
Чунин дар фикри бешу кам чароӣ?


Бо ман тақдир аҷаб рангу ба ранг аст,
Мудом ғам улфату шодӣ ба ҷанг аст.
Намедонам ба ки созам шикоят,
Ки ҳарҷо бингарам дилҳо чу санг аст.


Оқибати одами ҳамин асту ҳамин,
Манзили мудомиаш бувад зери замин.
Эй бехабарон зи марг ғофил машавед,
Ҳар як ҳадафед аҷал гирифтааст камин.


Дило дидӣ ки дунё бевафояст,
Ба ҳар суе назар кардӣ ҷафояст.
Дар ин кулфатсаро ҷуз хайру некӣ,
Макун, ки кори дунё бебақояст.


Эй бандаи нодон зи куҷо медонӣ,
Тақдири азал хостаи яздонӣ.
Аз ғам мафиган хешу зи шод шод мабош,
Дар бешу ками ҳаёт моҳро монӣ.


пешина
аз 75
навбатӣ