Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Рубоиёт
Аз кайфари зиндагонӣ мазлум шудам,
Чун санг будам нигар, ки чун мум шудам.
Он юмни ҳумои бахтам аз даст бирафт,
Дар баҳри ғамон фитодаву гум шудам.
Дар даҳри дудар касе муқим нест бидон,
Ҷуз ёри Худо касе наъим нест бидон.
Аз қаҳри Худо битарсу худхоҳ машав,
Ҷуз қудрати ў чизе азим нест бидон.
Қазоро бин ки бо ман кинатўз аст,
Ба кунҷи узлатам қалбам ба сўз аст.
Надонам то ба кай созам таҳаммул,
Агарчӣ эҳтиёҷи шаб ба рўз аст.
Маҳҷубу хафоям дар ин бодия ман,
Ҳайронаму сарсон дар ин зовия ман.
Аҳбоби маро фалак зи ман кард ҷудо,
Ў сокини ҷаннат асту аз ҳовия ман.
Ба ҳусну ҷамоли хеш мағрур машав,
Бо нахвату кибри хеш зи Ҳақ дур машав.
Аз гили сиёҳ сириштаанд ҷисми туро,
Аз коми дурўза бо тафохур машав.
Машав мафтуни найрангбозии даҳр,
Гаҳе шаҳдат ба ком асту гаҳе заҳр.
Агар сад сол зиҳӣ расмаш ҳамин аст,
Гаҳе созад ба некӣ гаҳ бо қаҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё