Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба гуристон гузар кардӣ назар бар аҳли он бинмо.
Агар сад сол кунем ҷавлон бувад он ҷо макони мо,
Сураё духтари ҷонам ту эй нури ду чашмонам.
Бихон ҳар дам ту ин пандам, ки ман ҷовид
намемонам.
Майи соли 1998
.
Дар орзўи волидайн
Ба духтарам Сураё
Эй тифли зи модару падар зиндаҷудо,
Дар қисмати ту чунин набиштаст Худо.
Бобою бибӣ ба ноз парварда вале,
Бар дил ҳаваси волидайн аст туро.
Эй тифлаки ман дар орзўи падарӣ,
Ошуфтаву дилшикаста бо чашми тарӣ.
Ҳамвора хаёли рўи ўяст туро,
Ў ёди дигар дораду ту бехабарӣ.
Модар ҳаме бо тақдиру амри Худо,
Саргаштаву ҳайрон шудааст аз ту ҷудо.
Эй ғунчаи дар хазон бишкуфтаи ман,
То фасли баҳор туро нигаҳбон Худо!
Марти соли 1996

пешина
аз 75
навбатӣ