Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Зи модар аз падар бемуттако кард.
Агар чанде дилам хун шуд бароят,
Ҳаром кардам бароям хобу роҳат.
Ба се моҳ шири пистонат бидодам,
Зи ҷонам андаке ҷонат бидодам.
Ба фардеат супоридам ҷигарбанд,
Ки буд ў зори як нохуни фарзанд.
Амак бигрифт туро босарпарастӣ,
Падар гарчӣ намуд рафтори пасте.
Агарчанде наи дар манзили ман,
Ту ҷой дори мудом андар дили ман.
Ҷаҳонгирам ҷаҳонгир шав ҷаҳонгир,
Дигар ҳаргиз мабин пастии тақдир.
Марти соли 1997
Панди модар
ба духтарам Сураё
Сураё духтарам бишнав насиҳат мекунад модар,
Ба гуши дил шунав пандаш, ки то гардӣ накўахтар.
Аввал тоатгузори амру фармони Илоҳӣ бош,
Раҳи ботил гузор бо роҳи росту Ҳақ роҳӣ бош.
Ибодат кун Худойрову ҳадиси Мустафо бишнав,
Саодатманд бошӣ дар ду гетӣ панди мо бишнав.
Ба фарзандони худ омўз роҳи шаръу тариқатро,
Ба насли худ биомўзон Каломуллоҳу ҳикматро.
Ба роҳи рост Худо ёрат бувад имон мададгорат,
Ҳидоят мекунад Парвардигор бар роҳи ҳамворат,
Зи иффатхонаи шарму ҳаё магзор по берун.
Ки бошӣ дар ду гетӣ сарбаланду қиматат афзун,
Биомўз панду андарзи бузургонрову панде гир.
Ки гуфти анбиё ганҷесту аз он ганҷ чанде гир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё