Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Юсуфи модар
Ба писарам Ҷаҳонгир, ки бо сабабҳои маълум
дар тарбияи амакаш Насрулло ба воя расид
Ҷаҳонгир Юсуфи Канъони модар,
Шабу рўз дар дилу дар ҷони модар.
Ҳамегирям, ҳамесўзам зи фурқат,
Бихушкид дидаи гирёни модар.
Падар бар тую бар модар ҷафо кард,
Маро аз ту, туро аз ман ҷудо кард.
Шикаст ў ғунчаро аз домани гул,
Маро аз ту туро аз ман намуд дур.
Фироқат руди Ҷайҳун кард чашмам,
Чу Яъқуб рафт аз ду дидаам нур.
Ба Юсуф гар хиёнат кард бародар,
Падар бар ту ситам кард ҷони модар.
Зи дуриат ҷигарсўзам Ҷаҳонгир,
Чу шамъе гиряму сўзам Ҷаҳонгир.
Биё обе бишав бар сўзи модар,
Ки сўхтам боз месўзам Ҷаҳонгир.
Худоё кош чун Юсуфи мисрӣ,
Биёию бибусам аз ту серӣ.
Биёиву шавад шод кулбаи ғам,
Ба дунё ҳеҷ дигар ҳасрат надорам.
Марти соли 1996
Ба писарам Ҷаҳонгир
Ҷахонгири ҷаҳонгирам Ҷаҳонгир,
Ҷаҳонгири мусофирам Ҷаҳонгир.
Бихоҳам дар ду гетӣ роҳататро,
Набинам ҳеҷ гоҳ дарди саратро.
Ба тифли гарчӣ тақдират ҷудо кард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё