Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дил мабанд бо ин ҷаҳону бо фусунҳои ҷаҳон,
Умри одам нест ҷовид аз аҷал набвад амон.
Гар ду рўзе комгорӣ дар ҷаҳон аз худ марав,
Дину имонро ба молу мулк магзор дар гарав.
Бахти ту бодо чу мўйи модари пират сафед,
Ҳам набошӣ аз сахои раҳмати Ҳақ ноумед.
Феврали соли 1996

Ба писарам Наҷибулло
Дили модар макони орзуҳост,
Дили модар васеъ чун сатҳи дунёст.
Агар фарзанд бувад бо ҳилму одоб,
Шавад шод гарчӣ шуд хуни дилаш об.
Агарчӣ шуху саркаш ҳастӣ ҳоло,
Агар гапношунав ҳастӣ ту лоло.
Умед дорам муваққат бошадат ин,
Ки дар тифлӣ бувад нозу таманно.
Бихоҳам ки шавӣ марди наҷибе,
Барои халқи худ гарди ҳабибе.
Умеду орзу дорам шабу рўз,
Шавӣ олим ва ё гарди табибе.
Илоҳо ҳеҷ гаҳе бемор нагардӣ,
Ба назди дўсту душман зор нагардӣ.
Ба ҳар ҷо бошӣ нусратёр бошӣ,
Ба гул бош ҳамнишин бо хор нагардӣ.
Нишасту хез бо фарзонагон кун,
На бо з-илму амал бегонагон кун.
Бикун сармашқи худ панди бузургон,
Ҳар он чӣ анбиё гуфтанд он кун.
Апрели соли 1996

пешина
аз 75
навбатӣ