Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Як ҳазору сад баҳори олӣ Сомон омада,
Бо ҳама шаъну шукўҳ бар Тоҷикистон омада.
Баъди садҳо сол тоҷик боз соҳибтоҷ шуд,
Соҳибашро бахту тахти ў зи нав мўҳтоҷ шуд.
Давлати Исмоили Сомон зи нав бунёд шуд,
Тоҷи истиқлол ба даст овардаю озод шуд.
Бозгашти сулҳи рафта аз дигар мақдур шуд,
Дўстонаш шод аммо душманонаш кўр шуд.
Боз мегардад зи нав халқи азизам сарфароз,
Боз мегардад ҳаме ў худмақому худшинос.
Ин баҳор бошад баҳори сулҳу ваҳдат кошкӣ,
Ин баҳор бошад баҳори бахти миллат кошкӣ.
Мақдамат фархунда бодо эй баҳори гулбасар,
Меҳрро дар қалби тоҷик зинда бинмо аз дигар.
Майи соли 2001
Муштоқ
Чеҳраи рўи туро муштоқ гардидам биё,
Дар муҳаббат байни ёрон тоқ гардидам биё.
Гар надорӣ боварам аз ашки хунинам бипурс,
Дар садоқат шуҳраи офоқ гардидам биё.
Дарди ишқат ҳар замонам панҷа бар дил мезанад,
Баҳри пуршури муҳаббат сар ба соҳил мезанад.
Роҳи ноҳамвори ишқ ҳамвор мепиндоштам,
Ин хаёли саҳли ман оҳанги мушкил мезанад.
Буд айёме ки хуш лайлу наҳоре доштем,
Дар гулистони ҳаёт хуррам баҳоре доштем.
Бехабар будем аз қасди шикасти зиндагӣ,
Бо ҳавою бо ҳавас авҷу бароре доштем.
Дар диёри бедилон аз дилбари гуфтан чӣ сўд,
Санги беарзишро ин қадр ҳам суфтан чӣ сўд.
Охир ҳар шайъе ба асли хеш моил мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё