Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Бирехта як ба як дурри даҳонам,
Намонда қувваю дармони ҷонам.
Асо гирам ба ҷои хома акнун,
Ба сар шуд он ҳама ҳангома акнун.
Ба муйи сар дамид субҳи сафедӣ,
Ба қалбам лона бигзошт ноумедӣ.
Ҳам он ҷоми дилам, ки пурҳавас буд,
Бишуд вожгун холӣ аз ҳавас шуд.
Ҳазорон ҳайфи умри рафта акнун,
Бигаштам ғарраи чархи пурафсун.
Агар оям ба дунё бори дигар,
Нагардам сайди ин пири фиребгар.
Октябри соли 1996
Кай озод мешавам
Аз талотумҳои бепоёни баҳри зиндагӣ,
Эй Худоё кай озод мешавам.
Ҳамчу нахли тирамоҳиям хазон,
Эй Худо кай хурраму шод мешавам.
То зи гиру дор биосоям даме,
Киштии ман кай ба соҳил мерасад.
Оҳи сўзони дили бедилбарам,
Кай ба гўши ёри бедил мерасад.
Кай саҳар мегардад ин шоми алам,
То, ки шеди бахт сар боло кунад.
То ба он сарпанҷаҳои нозукаш,
Ҷисми афгорам навозишҳо кунад.
Апрели соли 1997
Наврўзи Сомон Бар диёри оли Сомон боз наврўз омада, Боз наврўз бо ҳазор пайки дилафрўз омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё